wrapper

Агентӣ

Агентӣ

Нақши иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд

   Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйдоди воқеан таърихӣ мебошад, зеро маҳз дар ҳамин иҷлосия тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардид.
Эмомалӣ Раҳмон
  Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки 30 сол муқаддам дар Қасри Арбоби Хуҷанди бостонӣ баргузор гардида буд, рӯйдоди бузурги таърихие мебошад, ки дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон ва таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол марҳилаи сифатан навро бунёд гузошта, хатари ҳамчун давлати мустақил барҳам хӯрдани Тоҷикистон ва ҳамчун миллат аз байн рафтани тоҷикони куҳанбунёдро пешгирӣ кард. Ба ёд овардани ин санаи муҳими таърихӣ, ки воқеан оғози аз вартаи ҳалокатбори ҷанги шаҳрвандӣ раҳо ёфтан ва тадриҷан ба остонаи сулҳу ваҳдат, ризоияти миллӣ ва созандагию бунёдкорӣ расидани миллати мо гардид, қарзи инсонии ҳар фарди солимфикри ҷомеа мебошад, зеро маҳз дар ҳамин иҷлосия тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардид ва ба сӯи ҳадафҳои бузурги умумимиллӣ – сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ қадамҳои нахустин гузошта шуд. Ин иди эҳёи давлатдории тоҷикон, тантанаи ваҳдати миллӣ ва таҷассумгари орзуву ормонҳои бисёрасраи халқи тоҷик аст. Муфассал...

Нақши Пешво дар таҳкиму рушди маорифи миллӣ

  Мусаллам аст, ки аз рӯзи ба Истиқлоли давлатӣ расидани кишвар давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон соҳаи маорифи миллиро ҳамчун яке аз бахшҳои муҳиму афзалиятноки иҷтимоӣ дониста, баҳри рушду пешрафти суръатноки он пайваста тадбирҳои заруриро ба иҷро расонид. Ин неъмати бабаҳои миллӣ ба сокинону диёрамон қувваю неруи афзоянда бахшида, барои пешрафти ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ фазои мусоиду созгор фароҳам овара, имрӯз бо итминони ифтихорӣ метавонем афзуд, ки Тоҷикистон дар кўтоҳтарин муддат ба дастовардҳои хеле назаррас ноил гардидааст.

Рушди соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Ватан

  Инак, Тоҷикистони азиз дар арафаи вуруди ҷашни бузурги Истиқлоли давлатӣ, ки имсол 31-солагии онро қайд менамоем, қарор дорад. Истиқлол барои миллати тоҷик боарзиштарин ҷашн аст, ки бо он зиндагӣ рангу тароват ва маъно пайдо мекунад.

  Истиқлоли давлат муаррифгари миллату кишвар дар арсаи ҷаҳон аст. Маҳз Истиқлол аст, ки мо метавонем масири зиндагии худро муайян созем ва равобити хориҷии худро бар асоси манофеи миллии худ ба танзим дароварем. Истиқлол буду набуди миллат аст, ки барои ояндаи худ тарҳу барномаи мушаххас дораду барои расидан ба онҳо талош меварзад.

Муфассал...

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35  

Copyright © 2024 Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. All Rights Reserved. Designed by IBlove