Нусхаи чоаи

ИСТИҚЛОЛ ­ПОЯИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ВА РОҲ БА СӮЙИ ФАРДОИ ОБОД

Ҳар боре ки сухан дар бораи 35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон меравад, беихтиёр симои шахсияте пеши назар меояд, ки тамоми даврони давлатдории навини тоҷиконро бо фаъолияти шабонарӯзӣ, иродаи қавӣ ва масъулияти бузурги таърихӣ паси сар намудааст. Ин сиву панҷ сол азхудгузаштаниҳои умри ҷавонмарде, ки тамоми хушиҳои зиндагиашро барои бунёди давлат, таҳкими сулҳу ваҳдат, эҳёи миллат, ободии Ватан ва ҳифзи амнияти халқи тоҷик бахшид.

Дар саҳифаҳои таърихи навини халқи тоҷик нафаси пурдарди замон нуҳуфтааст: ашки ороми модароне, ки шабҳоро бо дуои сулҳ ба субҳ мерасониданд; нигоҳи хастаи падароне, ки орзӯи як рӯзи бе тарсу оворагиро дар дил мепарвариданд; хомӯшии талхи кӯдаконе, ки кӯдакии худро дар интизори оромии Ватан сипарӣ мекарданд. Дар ҳамин саҳифаҳо ҳамчунин заҳмати бедорхобии ҳазорон фарзандони содиқи миллат сабт гардидааст — онҳое, ки бо дили пур аз умед, дастони хаста, вале иродаи шикастнопазир барои поягузории сулҳ, ободӣ ва эҳёи Тоҷикистон камари ҳиммат бастаанд.

Дар ин масири пурпечутоби таърих, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми неру, дониш, таҷриба ва ҳастии худро ба хотири ҳифзи давлатдории тоҷикон, таҳкими пояҳои истиқлол ва таъмини зиндагии осоиштаи мардум равона намуданд.

«Истиқлолият неъмати бебаҳост ва қарзи ҳар яки мо шукронаи ин неъматро ба ҷо овардан ва онро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намудан аст», таъкид медоранд Пешвои миллат  Эмомалӣ Раҳмон.

Дар таърихи ҳар як миллат рӯйдодҳое ба вуқуъ мепайванданд, ки на танҳо оғози марҳалаи нав, балки сарнавишти чандин наслро муайян мекунанд. Барои миллати тоҷик чунин рӯйдоди бузург Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бо гузашти 35 сол метавон бо ифтихор гуфт, ки истиқлолият барои тоҷикон танҳо як воқеаи сиёсӣ набуд, балки оғози эҳёи давлатдории миллӣ, тақвияти худшиносӣ, рушди иқтисодӣ, болоравии обрӯи байналмилалӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ гардид.

Солҳои аввали истиқлол барои Тоҷикистон давраи бисёр вазнин буда, буҳрони сиёсӣ, ҷанги шаҳрвандӣ ва мушкилоти иқтисодӣ мавҷудияти давлатро зери хатар гузошта буданд. Дар ҳамин марҳалаи ҳассоси таърихӣ иродаи сиёсӣ, ваҳдати мардум ва роҳбарии хирадмандона имкон доданд, ки Тоҷикистон аз вартаи парокандагӣ раҳо ёфта, роҳи сулҳу субот ва созандагиро пеш гирад. Маҳз ҳамин сулҳу оромӣ асоси тамоми дастовардҳои минбаъдаи кишвар гардид.

Таҷрибаи навини давлатдории мо нишон медиҳад, ки истиқлолият танҳо ба даст овардани соҳибихтиёрӣ нест, балки ҳифз ва таҳкими пайвастаи давлатдорӣ мебошад. Дар ин давра Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, пояҳои давлатдории миллӣ устувор шуда, сохтори мақомоти давлатӣ такмил ёфт. Артиши миллӣ таъсис ёфта ва волоияти қонун тадриҷан таҳким ёфт. Давлати ҷавони тоҷик тавонист дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари соҳибихтиёр, сулҳхоҳ ва ташаббускор мавқеи арзандаи худро пайдо намояд.

Дар даврони истиқлолият рушди иқтисоди миллӣ ба яке аз самтҳои афзалиятнок табдил ёфт. Амалисозии ҳадафҳои стратегии давлат — расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат — барои рушди устувори кишвар заминаи воқеӣ фароҳам овард. Бунёди неругоҳҳои бузурги барқи обӣ, сохтмони роҳҳо, нақбҳо, пулҳо, корхонаҳои истеҳсолӣ ва иншооти иҷтимоӣ симои Тоҷикистони имрӯзаро куллан дигаргун сохт. Ҳар як иншооти нав далели равшани он аст, ки истиқлолият барои мардум на танҳо мафҳуми сиёсӣ, балки сарчашмаи ободӣ ва пешрафт мебошад.

Дар баробари рушди иқтисоди миллӣ, давлат ба соҳаҳои маориф, илм, тандурустӣ ва фарҳанг таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд. Садҳо муассисаҳои таълимӣ ва тиббӣ бунёд гардида, имкониятҳои нави таҳсил ва рушди ҷавонон фароҳам оварда шуданд. Пешрафти давлат пеш аз ҳама ба сатҳи маърифат ва неруи инсонӣ вобаста буда, ҷавонони соҳибмаърифат, ватандӯст ва масъулиятшинос кафили идомаи роҳи созандаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.

Истиқлолият барои эҳёи арзишҳои миллӣ ва таърихии тоҷикон низ шароити мусоид фароҳам овард. Забони давлатӣ мақоми воқеии худро пайдо карда, мероси ғании фарҳангӣ дубора эҳё ва осори шахсиятҳои барҷастаи миллат мавриди омӯзиш ва муаррифии байналмилалӣ қарор гирифт. Ин раванд ҳисси худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва эҳтиром ба таърихи давлатдориро дар ҷомеа тақвият бахшид.

Дар сатҳи ҷаҳонӣ Тоҷикистон ҳамчун давлати ташаббускор ва сулҳҷӯ шинохта шудааст. Пешниҳодҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои об, ҳифзи пиряхҳо ва тағйирёбии иқлим аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфта, обрӯи байналмилалии кишварро боз ҳам баланд бардоштанд. Ин ташаббусҳо нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон дар баробари ҳалли масъалаҳои дохилӣ, дар баррасии мушкилоти глобалӣ низ саҳми арзанда мегузорад. Ҳамин аст, ки ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Маҷмаи умумии СММ дастгирӣ ёфта, Қатъномаи “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036” қабул гардид.

Сиву панҷ соли Истиқлол исбот намуд, ки бо вуҷуди мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҷаҳонӣ Тоҷикистон роҳи дурусти рушди давлатдории миллиро интихоб кардааст. Давлате, ки замоне барои ҳифзи ҳастии худ мубориза мебурд, имрӯз бо боварӣ ба сӯи ояндаи устувор қадам мегузорад. Ин ҳама самараи сулҳу ваҳдат, заҳмати содиқонаи мардуми Тоҷикистон ва сиёсати давлатсозона мебошад.

Таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ танҳо ёдоварии як санаи таърихӣ нест, балки фурсати андеша дар бораи масъулияти ҳар як шаҳрванд дар назди Ватан мебошад. Ҳифзи истиқлол, таҳкими ваҳдати миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои давлатӣ, рушди илму маърифат ва меҳнати софдилона рисолати муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа аст. Танҳо дар сурати эҳсоси ҳамин масъулият мо метавонем Тоҷикистони соҳибистиқлолро боз ҳам ободу зебо, пешрафта гардонем ва ин мероси бузурги таърихиро ба наслҳои оянда бо ифтихор ба ёдгор гузорем.

 

          Мудири бахши муносибатҳои байналмиалӣ Нодиршоҳи Ҳабибулло.