МАРОСИМИ ГУЛЧАНБАРГУЗОРӢ
БА ХОКИ ФАРЗАНДОНИ ФАРЗОНАИ МИЛЛАТ




1-уми июни соли 2026 дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе кормандони Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими гулчанбаргузорӣ ба хоки қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур, инчунин фарзанди барӯманди халқи тоҷик Нисор Муҳаммад иштирок намуданд.
Маросим ба муносибати рӯйдоди муҳими таърихӣ, ки бо ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оромгоҳи Донскойи шаҳри Москваи Федератсияи Русия ба Ватан овардани мушти хоки шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад амалӣ гардид, гузаронида шуд.
Кормандони Агентӣ бо гузоштани гулчанбар ба хоки ин абармардони миллат бо эҳтироми хос ва арҷгузорӣ сари таъзим фуруд оварданд. Номи Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад дар саҳифаҳои таърихи давлатдории тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, корнамоиҳои онҳо ҳамчун намунаи садоқат, ҷасорат ва хизмат ба халқу Ватан ҳамеша гиромӣ дошта мешаванд.
Дар рафти чорабинӣ муҳтарам директори Агентӣ, таъкид намуданд: Ҳамкасбони гиромӣ, хизматҳои шоёни ин фарзандони фарзонаи миллат дар роҳи ташаккули миллат ва таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои наслҳои имрӯзу фардо мактаби бузурги ватандӯстӣ ва худшиносӣ маҳсуб меёбад.
Овардани мушти хок аз маҳалли дафни онҳо ба сарзамини аҷдодӣ на танҳо рӯйдоди таърихӣ, балки рамзи эҳтироми амиқи давлату ҳукумат ба таърихи миллат ва шахсиятҳое мебошад, ки барои ояндаи Тоҷикистони Соҳибистиқлол ҷоннисорӣ намудаанд.
Баргузор намудани маросими гулчанбаргузорӣ ин эҳтироми беандоза ба таърихи миллат, пос доштани хотираи фарзандони барӯманд ва арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои давлатдории тоҷикон мебошад.
Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бар он назар аст, ки омӯзиш ва тарғиби корномаи шахсиятҳои бузург дар таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва худогоҳии насли ҷавон нақши муассир дошта, онҳоро ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ва садоқат ба Ватани азиз раҳнамо месозад.