Нусхаи чоаи

НАВРӮЗ - ҶАШНИ НИЁГОНИ МО

        Осори зиёди таърихию фарҳангии ниёгони мо пайдоиши Наврӯзро ба шоҳ Ҷамшед нисбат медиҳанд. Фирдавсии бузургвор ҷашни Наврӯзро чунин ба қалам додааст:

         Ба Ҷамшед бар гавҳар афшонданд,

         Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд.

         Бунёдгузории тахти Ҷамшед дар замони Дориюши бузург ва ба фармони ӯ оғоз шуд, вале итмоми бинои шаҳру кох ва толорҳои пазироии он то панҷоҳуяк сол давом карда дар замони Ардашери аввал ифтитоҳ шудааст.

         Аз ҷумла Ҳаким Фирдавсӣ дар яке аз бобҳои оғози “Шоҳнома” овардааст, ки Ҷамшед баъд аз поён бахшидани корҳои бузург дар даврони ҳукмронии хеш бо ёрии фарри каёнӣ тахте бисохт ва онро бо дурру гавҳар биёрост ва чун нахустин бор девҳо, ки дар итоати Ҷамшед буданд, тахтро ба дӯш гирифта, аз замин боло шуданд, нури офтоб ба чеҳраи Ҷамшед ва бар тахти ӯ метобид ва инъикос шуда дурахш мекард. Мардум ин ҳодисаро дида, ба ҳайрат афтоданд ва он рӯзро “рӯзи нав” номиданд, ки он ба рӯзи 1-уми моҳи ҳамал (21-уми март) рост меомад. Аз ҳамин сабаб дар адабиёт ва ривоятҳову устураҳои таърихӣ шоҳ Ҷамшедро асосгузори Наврӯз номидаанд. Наврӯз дар фарҳанги мо тоҷикон рӯзи нав, рӯзи шодӣ, рӯзи бахшиши гуноҳҳои якдигар, рӯзи оштӣ аст. Тамоми мавҷудоти зинда дар ин вақт дубора эҳё мешаванд.

        Яъне дар байни қавмҳои ориёӣ Наврӯз муқаддастарин ва волотарин ҷашн ҳамзамон инъикосгари расму ойини мардумист. Он пайванди ногусастании наслҳоро мемонад, ҳарчанд ки дар давоми мавҷудияташ борҳо дучори таъқибу хорӣ ва нобудӣ гашта буд.

         Бояд зикр кард, ки Наврӯз инъикосгари таърихи фарҳанг, расму ойин ва анъанаву тамаддуни миллати тоҷик мебошад, ки гузаштаву имрӯз ва фардои наслҳоробо ҳам мепайвандад ва худшиносию худогоҳиро дар дили онҳо парвариш менамояд. Наврӯз дар тӯли таърих бо номҳои гуногун - иди Наврӯз, иди соли нав, иди сари сол, ҷашни фарвардин, ҷашни баҳорӣ, Наврӯзи ҷамшедӣ, Наврӯзи султонӣ, Наврӯзи ҷалолӣ ва ғайра ёдоварӣ шудааст.

         Таҷлили Наврӯз дар даврони Сосониён рушд ёфт ва дар аҳди ин даврон шаш рӯз ҷашн гирифта мешуд. Ҷашни Наврӯз то ба имрӯз шукӯҳу шаҳомат ва таровати хос дошта, байни мардуми эронитабор маълуму машҳур гаштааст. Ба ин ҷашн дар тамоми дунё мардуми зиёде, новобаста аз нажоду миллат, дилбастагӣ ва таваҷҷуҳ доранд.

         Наврӯз аз замони пайдоишаш то имрӯз тараннумгари зебоиву накӯӣ буда, сифатҳои эҳёгариро ҷузъи ҷудонопазири инсон ва табиат мешуморад.

          Барои амалӣ намудани ормонҳои гузаштагони худ покии зоҳирӣ – покии тану ҷомаю хона ва деҳу шаҳру кишвар ва покии ботин – қалбу андеша, некӣ (меъёри амали худ қарор додани пиндори нек, рафтори нек ва гуфтори нек) ростӣ, адлу дод ва амсоли инҳо бояд ҳар як инсони ҷомеа ҷидду ҷаҳд ва саъю кӯшиш намояд.

           Зи кӯи ёр меояд насими боди Наврӯзӣ,

           Аз ин бод ар мададхоҳӣ, чароғи дил барафрӯзӣ.    

         Наврӯз дар бисёр кишварҳо, хусусан дар Осиёи Миёна, Эрон, Туркманистон, Афғонистон ва дигар минтақаҳо бо ҷашни бузург ва анъанаҳои гуворо ва аҷиби худ ҷашн гирифта мешавад. Яке аз анъанавиҳои муҳими Наврӯз тайёр кардани таомҳои хос ва хӯрдани онҳо бо оила ва дӯстон мебошад. Дар байни онҳо "суманак" яке аз маъруфтарин таом аст, ки аз гандум тайёр мешавад ва рамзи ҳосил бомаром, шодиву иқбол аст. Наврӯз барои пешбурди муҳаббат ва бародарӣ байни одамон аст. Дар ин рӯз, одамон якдигарро бо дуоҳои хуб ва хушбахтӣ мебаранд ва онҳоро барои як соли пурра аз ҷиҳати маънавӣ ва ҷисмонӣ дуруст бо хираду иродаи тоза шод мекунанд.

          Барои тоҷикон Наврӯз як ҷашн, бо аҳамияти фарҳангӣ ва маънавӣ аст. Ин ҷашн дар байни мардуми тоҷик як рӯйдоди фархунда ва муҳим ба шумор меравад, ки дар он хонаводаҳо ва мардум бо якдигар ҷамъ омада, боз ҳамдигарро бо хайр ва шодии нав тӯҳфа мекунанд. Наврӯз дар қалбҳои мардум ёдҳои шод ва давраи назаррас дар зиндагии одамон ба вуҷуд меорад. Баҳор на танҳо дар табиат, балки дар руҳи инсон низ эҳё мешавад.

          Ин ҷашн хосиятҳои раванди руҳии инсонро бозгӯ мекунад ва рамзи он аст, ки ҳар як инсон метавонад бо нияти тоза ва хиради нав ба ҳаёти худ назар кунад. Барпо кардани рамзи тозаии табиат, барқарор кардани муҳаббат ва эҳтиром ба табиат ва ё фаромӯш кардани иштибоҳҳо ва ношоистагиҳо — ҳамаи ин барои навсозии ҳаёти инсонҳо муҳим аст.

          Наврӯз як ҷашн аст, ки танҳо як рӯзи тоза ва шодӣ нест, балки боиси тағйироти амиқ дар қалб ва маънавияти одамон мебошад. Ин рамзи ҳосили бомаром ва муҳаббат аст ва барои омадани баҳор ва эҳёи табиати нав оғоз мешавад.

          Шукӯҳу тантанаҳои наврӯзӣ гувоҳи он мебошанд, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат ба рушти фарҳанги миллӣ ва эҳёи суннатҳои бостонӣ арҷ гузошта, барои пойдори ва боз ҳам ғанӣ гардонидани онҳо пайваста иқдом менамоянд.

          Тамоми оинҳои ниёгони наврӯзӣ сарчашмаи бузурги ахлоқию тарбиявианд ва метавонанд наслҳоро ба садоқату вафодорӣ, бунёдкориву созандагӣ ва зебопарастӣ ҳидоят намоянд.

          Айёми баҳор омад, Наврӯз муборак бод,

          Илҳоми баҳор омад, Наврӯз муборак бод,

          Кардем видоъ бо дай, нӯшед зи ҷоми май ,

          Шодӣ ба канор омад, Наврӯз муборак бод .

         Омад-омади ин ҷашни бузурги аҷдодиро миллати тоҷик имрӯзҳо бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд. Наврӯз дорои хусусиятҳои ба худ хос мебошад. Одамон пеш аз ид хонаҳояшонро тоза менамоянд ва занҳо ба пӯхтани таомҳои миллӣ машғул мешаванд.

         Яке аз таомҳои миллӣ Суманак мебошад, ки он ифодагари ин ҷашн аст. Дар рӯзи ид одамон бо либосҳои идона вориди ҷашнгоҳ мешаванд ва дастархони идона ташкил медиҳанд. Занҳо хони идонаро бо нозу неъматҳои “ҳафт сину ҳафт шин” оро медиҳанд. Бачаҳо бошанд, ба ҳаргуна бозиҳо машғул мешаванд. Ҳамин тавр, имрӯзҳо ин ҷашни аҷдодӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои  кишварамон бо як шукӯҳи хоса ҷашн гирифта мешавад.

         Барои ҷаҳонишавии Наврӯз саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят бузург мебошад. Бо талошҳои ҳамаҷонибаи Пешвои миллат аз 30-юми сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримоддии фарҳанги башарият дохил карда шуд ва 19-уми феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64-ум аз ҷониби Маҷмааи умумии Созмони Милали Мутаҳҳид Рӯзи байналмиллалии Наврӯз эълон карда шуда, дар саросари ҷаҳон бо як шаҳомат таҷлил мегардад.

         Дар давраи истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз шукӯҳу таҷаллои тоза пайдо намуд ва мо тоҷикон ин ҷашнро ҳамчун мероси муқаддастарини ниёгонамон ва ҷашни покию зебоӣ дар фазои истиқлолу ваҳдат бо шукргузорӣ бошукӯҳ таҷлил менамоем.

Наврӯз ҷаҳонӣ шуд, то бод чунин бодо!

Ҷашни ҳамагонӣ шуд, то бод чунин бодо!

                                                              

 

Бобоев Сайрам-мутахассиси пешбари риаёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва таълими калонсолон