МУЛОҚОТИ КОРӢ БО НАМОЯНДАИ QAA

18 марти 2026 Вобаста ба иҷрои супориши муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бинои Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот бо намояндаи Агентии кафолати сифат барои таҳсилоти олии касбии Британияи Кабир (QAA) Крис Макинтайр баргузор гардид.
Дар мулоқоти мазкур директори Агентӣ муҳтарам Саидзода М.С., сардори Раёсати назорати давлатии илм ва инноватсия, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ Хушвахтзода Д., инчунин мудири бахши муносибатҳои байналмилалӣ Нодиршоҳи Ҳ. иштирок намуданд.
Ҳадафи асосии вохӯрӣ омӯзиш ва таҳлили низоми бахши таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмили ҳамкориҳо байни муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистону Британияи Кабир арзёбӣ гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи илм ва таҳсилоти олӣ, табодули таҷриба ва татбиқи меъёрҳои байналмилалии таъмини сифатро баррасӣ намуданд. Таъкид гардид, ки рушди ҳамкориҳо дар ин самт метавонад ба баланд бардоштани сифати таҳсилот ва мутобиқсозии он ба стандартҳои ҷаҳонӣ мусоидат намояд.
Ҳамкориҳо дар доираи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илм, таҳсилоти олӣ ва забони англисӣ барои ҳадафҳои махсус миёни ду кишвар ба роҳ монда шуда, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи робитаҳо изҳор намуданд.