Наврӯз ҷавонии ҷаҳон аст!

Наврӯз на танҳо оғози сол, балки яке аз қадимтарин ва бошукӯҳтарин ҷашнҳои ҷаҳон аст, ки таърихи беш аз 6000-сола дорад. Ин ҷашн рамзи эҳёи табиат, пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ ва гармӣ бар сардӣ, хубӣ бар бадӣ, ҷавонӣ бар пирӣ ва накӯӣ бар зиштӣ мебошад. Наврӯз ҷашни баҳор, такопӯи ҳаёт, зоишу рӯиши дубораи табиат ва ҷашни офариниши Оламу Одам аст. Бо чунин фазилатҳояш ҷашни фархундаи Наврӯз дар тамоми анъана ва суннатҳои гузаштаи мардуми форсизабон, аз ҷумла, тоҷикон, азизу мукаррамтарин ва беназиртарин русуми миллӣ маҳсуб мешавад. Азамату густардагӣ ва пойдории ин иди ниёгон пеш аз ҳама дар фалсафа ва асотири он вобастагӣ дорад. Дигар аз вижагии бемонанди ҷашни Наврӯз дар он аст, ки он ба ҳеҷ дину оину мазҳабе иртибот надорад. Наврӯз ҷашнест, ки ба инсон, ба хирад, ба табиат ва кайҳон ва рамзу рози он иртибот ва пайвастагии комил дорад. Тибқи ривоятҳои сабтшуда дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, Наврӯзро шоҳ Ҷамшед асос гузоштааст. Замоне, ки ӯ бар тахти заррин нишаст ва нури хуршед ба тоҷи ӯ тобид, ҷаҳон мунаввар шуд ва он рӯзро “Рӯзи нав” номиданд:
Ба фарри каёнӣ яке тахт сохт,
Чӣ моя бад-ӯ гавҳар андар нашнохт,
Ки чун хостӣ дев бардоштӣ,
Зи ҳомун гардун барафроштӣ.
Чу хуршеди тобон миёни ҳаво
Нишаста бар ӯ шоҳи фармонраво.
Ҷаҳон анҷуман шуд бари тахти ӯй,
Фурӯ монда аз фарраҳӣ бахти ӯй.
Ба Ҷамшед-бар гавҳар афшонданд,
Мар он рӯзро Рӯзи Нав хонданд.
Сари соли нав Ҳурмузи Фарвадин
Баросуда аз ранҷ тан, дил зи кин.
Бузургон ба шодӣ биёростанд,
Маю ҷому ромишгарон хостанд.
Чунин рӯзи фаррух аз он рӯзгор
Бимонда аз он хусравон ёдгор.
Вале пеш аз ин дар мавриди ҷашнҳои гузаштагон бо номи Фарвардагон – ҷашни баҳорӣ дар Авесто омадааст, ки агарчи бо номи Наврӯз сабт нашудааст, боз ҳам ишорат ба таҷлил аз оғози фасли баҳор ва фарвардин –моҳи нахустини сол дорад. Фарвардгонро ҷашне қайд кардаанд, ки дар даҳ рӯз аз бисту панҷуми моҳи исфанд бо шумули панҷ рӯзи андаргоҳ (кабисаи сол) то саршавии моҳи фарвардин давом доштааст. Дар рисолаи дигари паҳлавӣ бо номи “Моҳи фарвардин, рӯзи хурдод” омадааст, ки дар шашуми моҳи фарвардин, ки хурдод ном дорад, Ҳурмузд ҷони ҷаҳонро офаридааст, бино бар ин дар назди эрониён азизу гиромӣ аст ин рӯз. Нахустин бор вожаи Наврӯз дар “Бундаҳишн” ном асари забони паҳлавӣ сухан рафтааст. Он ҷой, ки дар мавриди рӯзи шашуми фарвардин, ки хурдодрӯз аст, дар матнҳои асрҳои баъд бо номи “Наврӯзи бузург” хонда шудааст ва онро бо пӯшидани либосҳои нав, хушбӯйӣ истифода кардан истиқбол мекарданд, чунин навишта шудааст: “Чунин гӯяд, ки ҳамаи некӣ чун аз абаргарон ба гетӣ ояд, он ба Хурдодрӯз, ки Наврӯз аст, ояд”. Пайдост, ки агар он рӯз ба тан ҷомаи неку бидоранду бӯйи хуш бӯянду мурвои (фоли, шугуни) нек кунанду дар нишастан аз ҷойи риман (нопок), аз мардуми бад дур буванду обҳоро баҳр кунанд ва ситоиши гоҳҳои рӯзро, ки онро Айаранаму Аснайа номанд, анҷом диҳанд, он сол некуӣ ба эшон беш расад ва бадиро аз эшон дур созад”
Аз нигоҳи илмӣ, Наврӯз ба лаҳзае рост меояд, ки шабу рӯз баробар мешаванд. Ин нишонаи тавозун ва назми коинот аст. Суннатҳои таърихии “Ҳафтсин” ва “Ҳафтшин”, ки дар арафи ин ҷашн дар ҳар хонадон ороста мешавад, аз тамаввул ва баракату фаровонии нозу неъмат ва меҳмондории миллти мо гувоҳӣ медиҳад. Дастурхони наврӯзӣ бо рамзҳои хос оро дода мешавад, ки ҳар кадоме маънои амиқ дорад: суманак рамзи сабзиш, баракат ва қувват; себ рамзи зебоӣ ва саломатӣ; сир рамзи пизишкӣ ва дур кардани бемориҳо; санҷид рамзи ишқ ва меҳрубонӣ; сирко рамзи сабр ва ҷовидонӣ; сабза рамзи хуррамию сарсабзии табиат; сипанд рамзи дурӣ аз балову офатҳо. Барои ҳафтшин ин байтҳо маъруф аст:
Ҷашни Наврӯз аз замони Каён,
Мениҳоданд мардуми Эрон:
Шаҳду ширу шаробу шаккари ноб,
Шамъу шамшоду шоя андар хон.
Таъйин ё муайян кардани рӯзи фаро расидани соли нав – Наврӯз дар миёни мардуми тоҷик анъанаҳои зиёд дорад, ки муҳимтарини онҳо чунин мебошанд:
- Аз рӯйи ба бурҷи Барра ворид шудани Офтоб (солшумории хуршедӣ);
- Тақвими “Офтоб дар мард” (расидани Офтоб ба нишонаи “дил”);
- Аз рӯйи дар ҷойи муайян пайдо шудани ситораҳо;
- Аз рӯйи нишонаҳои табиӣ: қулла, санг ё шах расидани офтоб;
- Аз рӯйи сафари парандаҳо: турнаҳо, лаклакҳо ва ғайра.
Наврӯз дар бовари мардум паёмовари сулҳ ва ваҳдат, умеду орзу, хушбахтӣ ва осудаҳолӣ буда, яке аз бузургтарин ҷанбаҳои маънавии ҷашни Наврӯз ин бахшидан аст. Мутобиқи анъана одамон кинаҳоро аз дил дур мекунанд, ба аёдати калонсолон ва беморон мераванд.
Хонаву дари худро тоза мекунанд (хонатаконӣ аз суннати қадими ин ҷашн аст, ки то имрӯз дар миёни тоҷикон роиҷ аст), ки ин рамзи поксозии руҳ аз олудагии бадиҳост. Эътирофи ҷаҳонӣ ва азамати Наврӯз дар асри XXI аз марзҳои кишварҳои форсизабон берун рафт. Ташкилоти байналмилалии ЮНЕСКО соли 2009 Наврӯзро ба рӯйхати Мероси фарҳангии ғайримоддии башарият дохил намуд. Соли 2010 Маҷмаи Умумии СММ 21-уми мартро ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон кард.
Чаро Наврӯз барои мо муҳим аст? Наврӯз ягона ҷашнест, ки бо гузашти ҳазорсолаҳо ва ҳуҷуми аҷнабиён (македониҳо, арабҳо, муғулҳо) аз байн нарафт, баръакс, онҳое, ки омаданд, ба ин фарҳанги боазамат, ба шукӯҳу ҷалоли он гирифтор мешуданд, онро ба мисли оинҳои худашон мепазируфтанд. Ин пеш аз ҳама нишони тафаккури илмӣ, ҷаҳоншиносӣ, пайвастагии доимӣ бо табиат ва ҳаётдӯстӣ ва намоди сатҳи маънавии миллати мост.
Ҳамаи инро ба назар гирифта Пешвои муаззами миллат дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олии кишвар дар шаҳри Душанбе таъсис намудани Маркази байналмилалии Наврӯзро эълом доштанд, ки ин иқдом аз арҷ гузоштан ба ҷашни бузурги миллӣ ва мардумии мо аз тарафи чунин шахсияти бузург мебошад.
Хушвахтзода Дилшод – сардори раёсати назорати давлатии илм ва инноватсия, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ