НИГОҲЕ БА ТАЪРИХИ ТАҶЛИЛИ ИДИ НАВРӮЗ

Наврӯз куҳантарин, бузургтарин ва маъруфтарин ҷашни миллии ниёгони мо ба ҳисоб рафта, дар баробари ҷашнҳои дигари ориёӣ таърихи беш аз шашҳазорсола дорад. Агар ба таърих назар афканем, мебинем, ки дар таърихи фарҳанги мардуми эронитабор ҳеҷ анъана ва расму оин монанди ҷашни Наврӯз азизу арҷманд ва куҳантар нест.
Наврӯз то имрӯз аз ҷониби тоҷикон ва дигар мардумони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад.
Вобаста ба таърихи пайдоиши ҷашни Наврӯз дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва бадеӣ маълумоти зиёд зикр гаштааст, ки донишмандони тоҷику эронӣ ва хориҷӣ дар асоси онҳо мақолаҳову рисолаҳои зиёду арзишманд таълиф намудаанд.
Манбаъҳо ва сарчашмаҳо дар даврони подшоҳии Ҷамшед аз бунёди ҷашни Наврӯз иттилоъ медиҳанд. Аз гузоришҳо бармеояд, ки дар замони Дориюши бузург ва тавассути ӯ Наврӯз дар Миср роиҷ гардидааст. Аз ҷониби Куруши Кабир соли 538 қабл аз мелод Наврӯз ба расмият шинохта шуд.
Ҳафриёти бостоншиносон дар Осиёи Миёна ва хусусан маҳдудаи имрӯзаи Тоҷикистон – Саразм (ҳазораи IV-II п.м.), Тахти Сангин (асрҳои V п.м.-то ӀI м.), Карон (асрҳои VII-VI п.м.) гувоҳи онанд, ки аз ҷониби мардуми мо дар гузашта ҷашну маросимҳои миллӣ баргузор карда мешуданд. Исботи баргузорӣ дар он аст, ки аз ин мавзеъҳо ҷашнгоҳҳо бозёфт карда шуданд. Масалан, дар шаҳри қадими Карон майдони чавгонбозӣ, маъбади об, бурҷи оташ, расадхонаву устурлоб то имрӯз боқӣ мондааст, ки далели раднопазири огоҳии мардум аз илми ситорашиносӣ, тақвим ва ғайраҳо мебошад.
Илова бар ин, бозёфтҳои зиёде низ доир ба санъати тасвирӣ дар Панҷакенти қадим, мусаввараҳои бисёррангаи рӯйи деворҳо, чӯбҳои кандакоришуда ва муҷассамаҳои аз лойу гил сохташуда, аз ҷумла деворнигораи «Базми Наврӯз» (асри VI-VII) бозгӯйи баргузор намудани ин ҷашн дар Суғд мебошанд. Деворҳои яке аз ҳуҷраҳо дар қасри ҳокимони Панҷакент (асрҳои V-VI) бо гули лола наққошӣ шудааст, ки он рамзи Наврӯз мебошад.
Вобаста ба ривоҷу равнақ ёфтани ҷашни Наврӯз ва дигар оинҳо дар замонҳои бостон осори тарҷумашуда ба забони арабӣ дар аҳди хилофати араб иттилоъ медиҳанд. Дар робита ба таҷлили ин ҷашн аз тарафи суғдиён ва хоразмиён дар осори Берунӣ иттилои фаровон мавҷуд мебошад.
Қадимтарин манбаъҳо дар бораи Наврӯзи даврони Сосониён адабиёти паҳлавӣ ва осори муаррихони асрҳои IХ-ХII мебошанд. Дар замони Сосониён мардумони қаламрави Ориёно Наврӯзро ҷашн мегирифтанд. Аз бозёфтҳои тозаи паҳлавӣ, “Осор-ул-боқия” ва бархе аз манобеи илмию адабӣ бармеояд, ки дар замони Сосониён рӯзи Ҳурмузди моҳи фарвардин, баробар ба 1-уми фарвардин (21 март) Наврӯзи хурд ё Наврӯзи ом ба муддати 5 рӯз ва рӯзи Хурдоди моҳи фарвардин, баробар ба 6-уми фарвардин (26 март) Наврӯзи бузург ё Наврӯзи хосон баргузор карда мешуд. Ҷашни Наврӯз бо оташафарӯзӣ ва иҷрои оини доду диҳиш, густардани хони ҳафтсину ҳафтшин рӯзи сездаҳуми фарвардин ба поён мерасид.
Наврӯз дар асрҳои миёна низ пойдору устувор боқӣ монда, шукӯҳу эътибори худро нигоҳ дошт. Дар Бағдод ва дигар марказҳои бузурги хилофати Аббосиён Наврӯз бошукӯҳ ҷашн гирифта мешуд. Ба ин муносибат дар адабиёти араб жанри “Найрузиёт” (“Наврӯзона”) падид омад ва шоирони номдор Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Абунувос, Ибни Муътаз, Башшор ибни Бурд, Мутанаббӣ, Ровандӣ, Туғроӣ, Буҳтурӣ, Ибни Румӣ, Ибни Таовӣ, Муҳаммади Асмор дар васфи Наврӯз ба забони арабӣ шеърҳо эҷод намудаанд.
Давлатҳои миллии тоҷикон – Тоҳириён, Саффориён ва Сомониён дар эҳёи фарҳангу суннатҳои аҷдодиамон нақши калон гузоштанд. Дар замони давлатдории Сомониён, ки ба яке аз неруҳои муқтадири сиёсии минтақа табдил ёфта буд, барои эҳё ва рушду густариши забону фарҳангу суннатҳои миллӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуда буд. Дар ин давра Наврӯз бори дигар ба мақому манзилате, ки дар замони Сосониён дошт, соҳиб гардид. Аз сурудаҳои устод Рӯдакӣ ва ашъори ҳамасрони ӯ бармеояд, ки дар аҳди Сомониён Наврӯзро бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн мегирифтанд.
Баргузории маросимҳои ҷашни Наврӯз дар замони ҳукмронии Ғазнавиён, Ғуриён, Салҷуқиён, Хоразмшоҳиён, Темуриёни Осиёи Миёна, Аштархониён, Шайбониён ва Манғитиён дар муқоиса бо Темуриёни Ҳинд камранг ба назар мерасад. Наврӯз ҳар сол дар замони ҳукмронии Темуриёни Ҳинд бо барномаи махсус таҷлил мегардид. Хусусан, аз ҷониби Акбаршоҳи Темурӣ Наврӯз ба муддати 19 рӯз ҷашн гирифта мешуд ва дар ин муддат наврӯзгоҳ, дарбор ва кӯчаву растаҳо ҳама чароғон ва дару деворҳо бо матоъҳои рангорангу зарбофт оро дода мешуданд. Ҷашни Наврӯз дар наврӯзгоҳҳо ё оғӯши табиат – талу теппа ва боғу бӯстонҳо баргузор карда мешуд.
Ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон ва кишварҳои ҳавзаи Наврӯз – Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Озарбойҷон дар замони Шуравӣ ба таври расмӣ баргузор намешуд. Инчунин, дар Русия халқияту миллатҳои зиёде, аз ҷумла чеченҳо, абхазҳо, ингушҳо, осетинҳо, тоторҳо, бошқирдҳо, мардумони Доғистон, қабардинҳо, балқарҳо ва ғайра зиндагӣ мекунанд, ки ниёгони онҳо Наврӯзро аз давраҳои пеш бар асари тамосҳои амиқи фарҳангӣ бо мардуми мо ҷашн мегирифтанд. Мардумони ин минтақа ва Осиёи Марказӣ Наврӯзро дар замони Шуравӣ ҳамчун ҷашни баҳору шукуфтани табиат ва кишту кор ғайрирасмӣ таҷлил менамуданд. Дар Тоҷикистон аз соли 1978 таҷлили ҷашни Наврӯз расмият пайдо кард.
Ҷашни Наврӯз дар замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯшишу талошҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат ба ҷашни байналмилалӣ табдил дода шуд.
Шоёни зикр аст, бо кӯшишу талошҳои содиқона ва ташаббусҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 ҷашни Наврӯз дар конфронси Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии СММ, дар шаҳри Абу-Дабӣ рӯзҳои 28 сентябр – 2 октябр ҳамчун мероси фарҳангию таърихӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд ва ин ҷаласа дар ҷаҳонӣ шудани Наврӯз замина гузошт. Рӯзи 30-уми сентябри соли 2009 Наврӯз ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид карда шуд. Ин буд, ки 23 феврали соли 2010 қарори ҷаласаи 64-уми Маҷмааи умумии СММ бо рамзи А\RES\64\253 ба тасвиб расид ва тибқи он муқаррар гардид, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон рӯзи 21-уми март ҳамчун “Рӯзи байналмилалии Наврӯз” таҷлил карда шавад. Гузашта аз ин, соли 2025 бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ширинии суннатии наврӯзӣ – суманак ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримодии башарият ворид карда шуд.
Ҳоло ҷуғрофияи таҷлили Наврӯз аз ғарби сарзамини Чин оғоз шуда, то Осиёи Марказӣ, Ҳинд, Қафқозу Русия, Аврупои Шарқӣ, Туркия, кишварҳои Араб ва Африқои Шимолӣ доман густурдааст. Яъне Наврӯз ҳоло ба ҷузъи тамаддуни башарӣ табдил ёфтааст.
Таърихи Наврӯз – таърихи фарҳанг, таърихи оин, таърихи ахлоқ, таърихи анъана, таърихи одат, таърихи мардум буда, оинаест, ки мо дар он худро мебинем ва мешиносем.
АЛИЗОДА ДОВУД АЛӢ – муовини якуми директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон