Конференсияи илмӣ-назариявии
Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи:
«Парчамат бодо парафшон – Тоҷикистони азиз»



Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-назариявии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи: «Парчамат бодо парафшон –Тоҷикистони азиз» бо иштироки кормандони дастгоҳи марказӣ, раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе, шуъбаи Агентӣ дар минтақаи Ҳисор ва меҳмонони даъватшуда баргузор гардид.
Ба кори коференсия директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм Саидзода Муҳаммадтоир Саид ҳусни оғоз бахшида, таъкид намуданд, ки 30 августи соли 2011 дар пойтахти ватани азизу маҳбубамон воқеаи фараҳбахше рух дод, ки барои кулли сокинони кишвар мояи ифтихор гардид. Бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баландии 165 метр парафшон гардид, ки ин парчам дар шумули баландтарин ливо дар ҷаҳон ба китоби рекордҳои Гиннес дохил гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худашон, бахшида ба ҷашни Рӯзи Парчами давлатӣ иброз доштанд, ки “Имруз мардуми сарбаланди тоҷик ин нишони садоқатро баланд бардошта, аз дурахши рангу ҷилои зебои он ифтихор мекунанд, бо гузашти қариб се даҳсола ин рамзи миллӣ ба масҳари меҳанпарастӣ табдил ёфта, мардум ва махсусан, наврасону чавононро дар атрофи худ муттаҳид менамояд, ҳисси ватандӯстиашонро бештар мегардонад, умед ба ояндаи некро дар қалбашон қавӣ сохта, дар замири ҳар фарди миллат ҳисси эҳтиром ба истиқлолу озодии Тоҷикистони азизро тақвият мебахшад. Ба хотири арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ ва тақвияти ҳисси милливу ифтихори ватандории сокинони кишвар, пеш аз ҳама, наврасону ҷавонон солҳои охир дар маркази вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, инчунин шаҳраку деҳоти мамлакат даҳҳо майдону гулгашти Парчам бунёд гардида ҳоло дар онҳо ин рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон парафшонӣ мекунад”.
Баъдан, маърӯзаи Исомиддин Шарифзода – доктори илмҳои фалсафа, дадсенти Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар мавзӯи “Оини парчамдории тоҷикон”, маърӯзаи Шарифзода Фазлиддин Шариф - номзади имлҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табиии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи “Рушди қонунгузории Парчами давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, маърӯзаи Абдулаҳадзода Собирҷон Абдулаҳад - номзади имлҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ ва маъмурии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи “Тартиби истифодаи Парчами давлатӣ ва махсусиятҳои он” ва маърӯзаи Саидзода Манучеҳр – мутахассиси пешбари раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи “Парчам – баёнгари давлату миллат” шунида шуд.