ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ НИШОНИ САДОҚАТ БА
ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат нишони арҷгузорӣ ва садоқат ба хидматҳои шоёну мондагори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди миллат мебошад. Президент симои миллат ва давлат маҳсуб ёфта, ҳомии истиқлол ва ваҳдати миллӣ мебошад. Дар кишварҳое, ки шакли идоракунии ҷумҳуриявӣ доранд сарварии давлатро Президент ба дӯш дорад, ки аз ҷониби мардум интихоб карда мешавад. Мардуми кишвар дар симои Президент ҳомии давлат ва манфиатҳои миллатро дида, бо шахсияти ӯ аксаран мефахранд.
Имрӯз боиси хушбахтии миллати тоҷик мебошад, ки дар симои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти мардумӣ ва эътирофшудаи сатҳи байналмилалиро доро мебошанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати муваффақи дохилӣ ва хориҷиаш миллати тоҷикро ҳамчун халқи башардӯст ва мутамаддин муаррифӣ намудаистодаанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон шарафи миллат ва давлати тоҷикон буда, истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллии моро ҳифзу устувор намуданд. Бе шубҳа миллати тоҷикро имрӯз ҷаҳониён тавассути Пешвои хирдаманду дурандеш ва роҳбари муваффақу эътирофшуда муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мешиносанд. Махсусан, ташаббусҳои инсондӯстонаи Сарвари давлат дар сатҳи байналмилалӣ симои миллати тоҷикро ҳамчун халқи соҳибтамаддун ва фарҳангсолор муаррифӣ намудаистодааст.
Бояд гуфт, ки аз рӯзҳои нахусти ба саҳнаи сиёсат ворид шудан дар маркази ҳадафҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи таҳкими истиқлоли давлатӣ қарор дошт. Пешвои миллат дарк намуда буданд, ки бе нигаҳдошт ва устувории истиқлоли давлатӣ ба аҳдофи дигари миллӣ расидан ғайримкон аст. Истиқлоли миллӣ дар он ҳолат устувор мегардад, ки миллат ҳамчун манбаи ҳокимияти давлатӣ эътироф гардаду ҳуқуқу озодиҳои он дар назди мақомоти давлатӣ арзиши олӣ дошта ва кафолат дода шаванд. Сарвари давлат дар майдони сиёсат бо рӯҳи қавии миллӣ на танҳо вазъро ба эътидол оварда, ризоияти миллиро дар ҷомеа таъмин намуданд, балки дар эъмори давлатдории миллӣ, таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва амалӣ сохтани сиёсати дохилию хориҷии кишварамон дар миқёси ҷаҳонӣ саҳми шоиста гузоштанд. Тамоми талошу заҳмат ва ҷонисориҳои Пешвои миллат танҳо баҳри ҳифзу гиромидошти манфиатҳои миллӣ, ки асосашро истиқлоли давлатӣ ташкил медод, равона шуда аст.
Хидмати бузургу таърихии Пешвои миллат дар назди мардуми шарафманди Тоҷикистон дар он аст, ки ин чеҳраи мондагор ва сиёсатмадори ҷасуру дурандеш дар шароити ҳассос ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, давлатдории тоҷикон ва бақои ин миллатро аз роҳи нестшавӣ ва парешонӣ ҳифз намуда, истиқлоли воқеии давлатиро таъмин намуд. Бо ин хидмати бузургу сабтшаванда дар яке аз саҳифаҳои тилоии таърихи миллат метавон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бунёдгузори давлати соҳибистиқлоли комил ва миллии Тоҷикистон номид.
Муҳимтарин хидмати Сарвари давлат, ки ифодагари дурандешӣ ва хирдамандии ӯст, ин роҳи дунявӣ, демократӣ ва ҳуқуқбунёдро пеш гирифтан буд. Маҳз ҳамин роҳ боис шуд, ки Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мутамаддин эътироф ва шинохта шуд.
Пешвои миллат ҳаққи худмуайянкунии халқро эҳтиром гузошта, ҷонибдорӣ аз санадҳои ҳуқуқии байналмилал карданд. Сониян ҳамчун роҳбари демократ иродаи шахсии худро ба иродаи мардум пайвастанд. Хишти аввали бунёди ҷомеаи шаҳрвандиро бо пешниҳоди ҳаққи худмуайянкунӣ ва худфаъолшавӣ ба халқ тарҳрезӣ карданд. Халқи Тоҷикистон ба шоҳроҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ягона ва иҷтимоӣ думболи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ баромад. Расидан ба ин мақсадҳои олӣ вақтро тақозо менамояд, зеро ин раванд аст ва он пайваста дар идома мебошад.
Сиёсатмадори бузург будани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он зоҳир шуд, ки тавонистанд бо абарқӯдратҳо ва давлатҳои минтақа тавозуни манфиатҳоро барқарор намоянд ва сиёсати мустақилона ва мусбатро пеш баранд. Хусусан, дар давраи ҷаҳонисозӣ, ки ҳифзи асолати миллӣ дар ҷабҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ кори осон нест. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардида, бо зиёда аз 180 давлати ҷаҳон муносибатҳои ба роҳ мондааст. Ҳамчунин, дар тайи 33 соли истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон бо зиёда аз 70 созмони минтақавию ҷаҳонӣ ҳамкориҳои судманро роҳандозӣ намудааст. Имрӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давлати ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои мубрами глобалӣ эътироф гардидааст. Ташаббусҳои ҷониби Тоҷикиктсон дар роҳи муборизаи самаранок бар зидди терроризм ва экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳалли масъалаҳои экологӣ ва махсусан, ба оби тоза таъмин намудани сокинони сайёра аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ хуш қабул гардид.
Дар меҳвари сиёсати хориҷии Сарвари давлат ҳимояи манфиатҳои миллӣ қарор дошта, ҷиҳати таҳкими мақоми кишвар корҳои мондагореро амалӣ намуданд. Таъмини истиқлоли комили давлатӣ, ба роҳ мондани муносибатҳои самаранок бо созмону ташкилотҳои минтақавию ҷаҳонӣ, густариши равобити дипломатӣ бо кишварҳои хориҷӣ, мубориза ба муқоибили падидаҳои номатлуби замон, махсусан терроризму экстремизм ва амсоли ин аз ҷумлаи ташаббусҳои Пешвои миллат ҷиҳати ҳимояи манфиатҳои миллӣ мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо Сарвари давлат, балки ҳамчун шахсияти арҷгузор ба таъриху фарҳанги миллӣ, гиромидошти шахсиятҳои номвари миллат ва эҳёи суннатҳои мардумию фарҳанги миллӣ, ҳам дар сатҳи дохилӣ ва ҳам дар арсаи байналмилалӣ, корҳои бениҳоят зиёдеро ба сомон расонида истодаанд.
Маҳз маҳбубияту маъруфияти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки тоҷикони ҷаҳон дар симои ӯ Пешвои воқеии худро дида, аз ин шахсияти мондагор пуштибонӣ менамоянд. Имрӯз зарур аст, ки наслҳои наврасу ҷавони Ватани азизамонро баҳри садоқат ба миллат, давлат ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафарбар намуда, дар таҳкими истиқлоли давлат ва рушди нуфузи миллат саҳмгузор бошем. Садоқат ба Президент садоқат ба миллат ва давлат мебошад. Таҷлили Рӯзи Президент имрӯзҳо бояд дар сатҳи оила ва ҷомеа бо шукуҳу шаҳомати хосса сурат гирад, то наслҳои навраси мо дар рӯҳияи арҷгузорӣ ба хидматҳои мондагори Пешвои миллат ба камол расида, мактаби давлатдории ин фарзанди фарзонаи миллатро сармашқи кору фаъолияти хеш қарор диҳанд.
Файзуллоев Меҳроб – сармутахассиси раёсати назорати давлатии илм ва инноватсия, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ;
