ДАСТОВАРДҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ
Ба сифати вазифаи муҳимми давлат арзёбӣ намудани масъала оид ба баланд бардоштани сатҳи маърифату саводнокии ҷавонон ва ба омӯзиши илму донишҳои замонавӣ фаро гирифтани онҳо ба он асос меёбад, ки имрӯз субъектҳои дахлдор самти фаъолиятро дар робита ба такмили зеҳн ва ё тафакури наврасону ҷавонон тағйир диҳанд, ба талаботи ҷомеаи муосир пеш аз ҳама ба иқтидори зеҳнии худи ҷавонон мутобиқ гардонанд.
Ҳамеша Пешвои миллат иброз менамоянд, ки: «Яке аз вазифаҳои афзалиятноки давлат дар соҳаи маориф дарёфт, дастгирӣ ва рушди хонандагони болаёқат мебошад». Татбиқи ин ҳидоят дар мисоли чанде аз тадбирҳо (мактабҳои президентӣ, марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва ғ.) амалӣ шуда истодаанд. Дар тақвияти ин ҳидоят ва дар доираи бистсолаи омӯзиши илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ эълон гардидани солҳои 2020 – 2040 фарогирии шумораи зиёди лаёқатмандон лозим мегардад.
Ҳамзамон, ин механизм имкон медиҳад, ки наврасону ҷавонон ба омӯзишу истифодаи технологияҳои иттилоотӣ бештар машғул гарданд, ки ба мақсад мувофиқ мебошад. Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат дастур медиҳанд, ки: «Мо бояд минбаъд низ тавассути стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон», барномаҳои байналмилалӣ, бурсияҳо ва дигар имконоти мавҷуда таҳсили ҷавонони боистеъдодро дар хориҷи мамлакат вусъат бахшем ва барои иқтисоди миллии худ кадрҳои дорои сатҳи баланди касбият ва ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои байналмилалиро омода намоем». Ин механизми дигаре мебошад, ки дар арсаи ҷаҳонӣ барои омодасозии кадрҳои болаёқати сатҳи байналмилалӣ истифода мегардад.
Зимни Паёми имсола 28 декабри 2024 Роҳбари давлат дар бораи ҷавонони боистеъдоди мамлакат барои таҳсил дар хориҷӣ кишвар чунин қайд намуданд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 117 ҳазор ҷавонони боистеъдоди мамлакат барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон фиристода шудаанд.
Имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони мо дар 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30 фоизи онҳо духтарон мебошанд.
Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалии» дар соли таҳсили 2025-2026 ки дар он беш аз 885 нафар тавассути Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» дар Федератсияи Россия 429, Ҷумҳурии халқии Хитой 156, Ҷумҳурии Беларусия 11, Ҷумҳурии Қазоқистон 91, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 20, Малайзия 2, Ҷумҳурии Федеролии Олмон 1, Ҷумҳурии Узбекистон 1, Давлати Қувайт 10, Аморати муттаҳидаи Араб 1, Ҷумҳурии Озорбойҷон 4, Арабистони Саудӣ 7, Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ 65, Ҷумҳурии Маҷористон (Венгрия) 20, Ҷумҳурии Сербия 1, Ҷумҳурии Туркия 18, Ҷумҳурии Исломии Эрон 41, Испания 1, Ҷопон 1, Канада 4, Сингапур 1 ва дигар давлатҳои пешрафта таҳсилро идома медиҳанд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ донишҷӯён тоҷик дар Англия, Италия ва Олмон дар давоми таҳсилашон тавонистанд, ки навгониҳои илмиро аз бар карда, соҳиби дипломҳои байналмилалӣ гашта, ҳамчунин аз рӯи мониторинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ин давлатҳо ба даҳгона ва рейтинги рақами як дохил шудаанд, ки мояи ифтихори миллати тоҷик мебошанд. «Мояи ифтихор аст, ки дар байни шаҳрвандони хориҷӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани мониторинги таҳсил аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳамон давлатҳо рейтинги аввалро ишғол менамоянд».
Чунин донишҷӯён на танҳо дар Иёллоти Муттаҳидаи Амрико, балки дар Британияи Кабир, Малайзия, Олмон ва дигар давлатҳо низ фаъолона таҳсил дошта, номбардори миллати сарбаланди тоҷик гардидаанд. Ёдовар мешавем, ки «хароҷоти таҳсили ин донишҷӯён пурра аз ҷониби Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт мешавад. Аз ҷумла, маблағи таҳсил, маблағи хобгоҳ, стипендияи ҳармоҳа ба маблағи 500 доллари Иёллоти Муттаҳидаи Амрико, суғуртаи тиббӣ, маблағи раводид, тамдиди раводид ва маблағи роҳкиро барои рафтану баргаштан давоми 4 сол пардохт карда мешавад» Тибқи нақшаи дурнамое, ки аз рӯи дурнамои Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳия ва барои тасдиқ ба муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад, солҳои баъдӣ низ донишҷӯён дар хориҷи давлат он ихтисосҳоеро, ки дар муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ омода карда намешаванд, фаро мегиранд. Ёдовар мешавем, ки Муассисаи давлатии Маркази барномаҳои байналмилалӣ соли 2009 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шудааст. Ҳадаф аз таъсиси ин марказ рушд додани неруи инсонӣ, баланд бардоштани савияи донишу маҳорати ҷавонон ва пешорафту ояндаи босуботи Тоҷикистон мебошад. Дар даврони соҳибистиқлолии ватани азизамон бо итминон гуфта метавонем, ки таҷрибаи якчанд соҳаҳо ва муввафақ гардидан ба онҳо аз ҷумла, роҳсозӣ ва энергетика, ҳамчунин фаъолияти бонкӣ (бахши хусусӣ) метавон хулоса намуд.
Чи тавре Пешвои миллат иброз менамоянд, агар завқу хоҳиш бошад, пас метавон лоиҳаҳои хуби сармоягузорӣ ва ё грантӣ таҳия намуда, ба ин самти фаъолият, аз ҷумла ҷалби ҷавонон ба омӯзиши илму техника, маблағҳои зиёди дохилию хориҷӣ ҷамъоварӣ ва амалӣ намуд.
Бо боварӣ гуфта метавонем, ки ин мутахассисон баъди таҳсил ба Ватан баргашта, дар рушди соҳаҳои хоҷагии халқ саҳми назаррас мегузоранд. Зеро тибқи созишнома ва шартномаҳои сеҷонибае, ки ғолибони озмуни Стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон» бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдор ба тасвиб расонидаанд, уҳдадор мебошанд, ки 5 сол дар мамлакат дар соҳаи омӯхтаашон фаъолият намоянд.
Ба муносибати Рӯзи Дониш ва Дарси Сулҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои Миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш иброз намуд, таҳсилоти олии касбӣ яке аз пояҳои асосии рушди иҷтимоиву иқтисодии ҳар як давлат ба шумор меравад.
Имрӯз дар кишвар 48 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ амал мекунад, ки дар онҳо беш аз 213 ҳазор нафар донишҷӯ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст.
Дар ҷаҳони муосир, ки босуръат тағйир ёфта, талаботи бозори меҳнат пайваста нав мегардад, зарурат ба таҳсилоти олӣ ҳамчун муҳити тавлиди дониш, технология ва инноватсия беш аз пеш эҳсос мегардад.
Маҳз бо кушишу, заҳматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои Миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути таҳсилоти олии босифат ҷомеа метавонад ба кадрҳое такя намояд, ки бо дониш, масъулиятшиносӣ ва диди васеъ муҷаҳҳаз буда, дар ҳама соҳаҳои ҳаёт нақши фаъол бозида метавонанд.
Мо ҷавонон бояд ба қадри ғамҳориҳои Ҳукумати кишвар расида, дар ин сарзамини сулҳофарин, соҳибистиқлол ҳамеша дар ободву озодии ва ягонагии миллат кушишу заҳмат намуда, барои боз ҳам ба пешрафти илму маориф ҳиссагузорӣ намоем.
Сармутахассиси раёсати назорати давлатии илм ва инноватсия, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии баъд аз муассисаи олии таълимии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллоев Меҳроб Кароматуллоевич