Нусхаи чоаи

Рӯзи дониш ва Дарси Сулҳ

 

Ҳамасола дар саросари Тоҷикистон Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ таҷлил мегардад, ки ин на танҳо оғози соли нави таҳсил, балки ибтидои маънавии як марҳилаи нав дар ҳаёти наврасон ва ҷавонони мамлакат мебошад.

Рӯзи дониш имсол низ бо як шукуҳу шаҳомати хоса бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Сараввал Пешвои муаззами миллат бинои нави таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистонро мавриди истифода ва баҳрабардорӣ қарор гирифт. Сипас, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли маорифи кишвар мулоқоти судманд доир намуданд.

Дар мулоқоти имсола Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дониш инсонро аз ҷаҳолат, нодонӣ ва зулмат раҳоӣ бахшида, ӯро ба самти шуур, ахлоқ, созандагӣ ва тараққиёт раҳнамоӣ мекунад. Шахсе, ки соҳибдониш аст, ба худ эътимод дорад, воқеиятро дуруст дарк мекунад ва метавонад барои беҳтар намудани муҳити худ ва ҷомеа саҳм гузорад.

Илму дониш ҳамчун сарчашмаи асосии пешрафти ҳамаи соҳаҳо аҳаммияти бештар пайдо мекунад. Таъмини рушди устувори иқтисодӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои моддӣ ва маънавӣ, ташаккули шаклҳои самараноки идоракунии давлатӣ, татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат оид ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва муаррифии арзишҳои миллӣ аз сатҳи рушди иқтидори инсонӣ вобаста мебошанд. Барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо соҳаи маориф аз ҷониби давлат ҳамчун соҳаи ҳаётан муҳим арзёбӣ карда мешаванд.

Дарси сулҳ бо мақсади ташаккули ҷаҳонбинии сулҳҷӯёна ва тарбияи инсони таҳаммулгаро гузаронида мешавад. Ҳадафи он шинос намудани хонандагон бо арзишҳои сулҳ ва оромӣ, тарбия кардани ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ, мустаҳкам намудани дӯстию ҳамбастагӣ байни миллатҳо, афзун намудани маърифати сиёсӣ ва фарҳангии насли наврасу ҷавон ва баланд бардоштани қадри Истиқлол ва Ваҳдати миллӣ мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили Рӯзи донишро дар оғози соли хониш яке аз анъанаҳои неки даврони соҳибистиқлолӣ, тантанаву бузургдошти саводу дониш ва хираду маърифати мардуми куҳанбунёди тоҷик маънидод менамоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро сар карда аз зинаи таълиму тарбияи томактабӣ таъкид доштанд, ки ҷиҳати таъмини муассисаҳои томактабӣ бо кадрҳои соҳибтахассус шумораи ихтисосҳои таҳсилоти томактабии шакли ройгон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ зиёд карда шаванд. Ҳамчунин, бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои давлатӣ вазифадор карда шудаанд, ки лоиҳаи Барномаи давлатӣ дар самти омода намудани омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқро омода намуда, дар муҳлати се моҳ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Инчунин, ҷиҳати гузариш ба низоми 12-солаи таҳсилот, арзёбии сатҳи сифати таҳсилот ва татбиқи низоми бисёрхола дар муассисаҳои таълимӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Мо аҳли маорифи кишвар дар ҷавоб ба ҳама дастгириву ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кушиш ба харҷ медиҳем, ки аҳлона кору фаъолият намуда, дар татбиқи сиёсати маорифпарваронаи саҳми арзандаи худро гузорем.

 

Садуллозода Алишер – сардори раёсати

назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти

томактабӣ, миёнаи умумӣ ва иловагии

Агентии назорат дар соҳаи маориф ва

Илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон