РӮЗИ ДОНИШ ОҒОЗИ РОҲИ НУРИ МАЪРИФАТ
30 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади иштирок дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ташриф овард.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази рушди малакаҳо, касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва хобгоҳу ошхонаи донишҷӯёни донишгоҳро мавриди истифода қарор доданд.
Иттилоъ дод шуд, ки бинои 8-ошёнаи таълимии маркази рушди малакаҳо дорои 92 синфхона ва 24 ҳуҷраи корӣ мебошад, ки метавонад дар як вақт то 3200 донишҷӯро ба таълиму тарбия фаро бигирад.
Сарвари давлат қайд карданд, ки дар шароити имрӯзаи ҷаҳони муосир фароҳам овардани имконияти зарурӣ барои илму донишомӯзшии ҷавонон муҳимтарин василаи омода кардани кадрҳои баландихтисоси хештаншинос ба ҳисоб меравад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи бинову иншооти нав дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ҷамъомад ба муносибати рӯзи дониш бо аҳли маорифи кишвар мулоқот ва суханронӣ намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрии имрӯзаро фурсати хубе барои таҳлилу баррасии вазъи соҳаи ҳаётан муҳим – маориф арзёбӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки бо шарофати истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони азизи мо барои илму донишомӯзии насли наврас ва ҷавонон тамоми шароиту имкониятҳои зарурӣ муҳайё карда шудааст.
Ба таъкиди Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми пешрафту дастовардҳои кишвар, аз ҷумла дар соҳаи маориф, ҳаёти шоиставу осоиштаи мардум, пеш аз ҳама, ба пойдории сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ вобаста мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳро сари баланду қомати болои мардум, бахту саодати ҳар як хонадон ва асоси пешрафти давлату миллат, аз ҷумла рушди соҳаи маориф арзёбӣ намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди ташаббуси навбатии Тоҷикистон доир ба “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”-ро идомаи мантиқии талошҳои сулҳхоҳонаи кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ номиданд.
Дар робита ба раванди ислоҳоти соҳаи маориф таъкид гардид, ки дар 34 соли соҳибистиқлолӣ ба ин соҳа аз ҳисоби буҷети давлатӣ 67,4 миллиард сомонӣ ва аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 6,2 миллиард сомонӣ, яъне дар маҷмуъ, 73,6 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ гардидааст. Имрӯз дар соҳаи маориф 11 лоиҳа ба маблағи 4 миллиарду 300 миллион сомонӣ татбиқ шуда истодааст.
Таъкид гардид, ки тайи даврони соҳибистиқлолӣ музди меҳнати кормандони соҳа давра ба давра беш аз 20 баробар зиёд карда шуд.
Роҳбари давлат аз ҳамкории соҳибкорони бонангу номус ва шахсони саховатпеша бо Ҳукумати кишвар дар ин самт ёдовар шуданд. Хотирнишон гардид, ки тайи даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби соҳибкорони ватандӯсти кишвар ва шахсони саховатпеша ба маблағи 1 миллиарду 700 миллион сомонӣ 1435 муассисаи соҳаи маориф бо 231 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати кишвар вазъи муассисаҳои таҳсилоти ибтидои ва миёнаи касбиро мавриди таҳлил қарор дода диққати иштироккунандагонро бо ин зинаҳои таҳсилот ҷалб намуданд.
Барои рушди таҳсилоти ибтидои ва миенаи касбӣ, ки яке аз зинаҳои муҳимми соҳаи маориф маҳсуб меёбад, сарвари давлат таҳия ва қабули Барномаи давлатии рушди муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро барои солҳои 2026-2030 иқдоми зарури арзёбӣ намуданд.
Роҳбари давлат иброз доштанд, ки ҳоло дар ҷуҳури 86 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ аз руйи 250 ихтисос мутахасис омода мекунанд.
Сарвари давлат таъмин намудани муассисаҳои таълимиро бо кадрҳои омӯзгорӣ яке аз масъалаҳои асосӣ дар соҳаи маориф номида, сохторҳои марбутаро вазифадор намуданд, ки дар муддати як сол масъалаи норасоии кадрҳои омӯзгориро пурра бартараф намоянд.
Ҳамзамон, Сарвари давлат масъалаҳои вобаста ба зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, оид ба ҳарчӣ бештар ба касбомӯзӣ фаро гирифтани шаҳрвандон, таҳия ва чопи китобҳои тахассусиро таҳлилу баррасӣ намуда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳо доданд.
Дар идомаи суханронӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини соҳаи маориф супориш доданд, ки барои омода кардани омӯзгорони соҳаи табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, ки яке аз масъалаҳои муҳим дар низоми маорифи кишвар маҳсуб меёбад, чораҳои таъхирнопазир андешанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи мақому манзалати омӯзгор андешаронӣ намуда, таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор”-ро нишонаи олии эҳтирому қадршиносии омӯзгор аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номиданд.
Дар фароварди сухан Роҳбари давлат иброз доштанд, ки қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии мову шумост, ки ба хотири пешрафту ободии диёри баҳиштосои худ, хусусан, дар доираи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллиамон — 35-солагии истиқлоли давлатӣ пайваста заҳмат кашем ва обрӯи Тоҷикистони маҳбубамонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардорем.
Сафарзода Сафармад Саид – сардори раёсати
назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ,
миёнаи касбӣ ва таълими каонсолони Агентии назорат дар
соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон