Нусхаи чоаи

    Дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони Агентӣ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 23.12.2022 ироа гардида буд, ҷаласа баргузор гардид.

    Нахуст директори Агентӣ ҷаласаро ифтитоҳ намуда, вобаста ба масъалаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва илм суханронӣ ва ибрози андеша намуда, қайд намуданд, ки ҳар як корманди Агентӣ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кории худ намуда, онро ҳамчун роҳнамои фаъолияти кории худ,  корбарӣ намоянд. 

    Сипас, вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сардорони раёсати дастгоҳи марказии Агентӣ бо маърӯзаҳо баромад намуданд.