Рўзи 14 майи соли равон аз ҷониби роҳбарияти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар як сокини аз офатҳои табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо мақсади расонидани дасти ёрӣ, аз қабили орд, равған, биринҷ, маҳсулотҳои макаронӣ, картошка, пиёз, қанд ва дигар маҳсулотҳои хурокворӣ кумак расонида шуд.