Items filtered by date: Июл 2021
Натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2021
19 июли соли 2021 дар маҷлисгоҳи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки аъзои ҳайати мушовараи агентӣ, Нурулло Оқилзода - мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Шодиев Мирзошариф – сардори раёсати Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату кумитаҳо, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, сардорону мудирони раёсату шуъба ва бахшҳои агентӣ, намояндагони раёсату шуъбаҳои маориф ҷаласаи мушовара оид ба ҷамъбасти фаъолияти агентӣ дар нимсолаи якуми соли 2021 баргузор гардид.
Кумак ба оилаҳои аз офатҳои табиӣ зарардида
16 июли соли 2021 бо ташаббуси кормандони Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд оилаҳои аз офатҳои табиӣ зарардидаи ноҳияи Тоҷикобод кумак (маводи хӯрока) расонида шуд.